07:46, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Бурунди инсонҳо бебаррасии додгоҳӣ қатл карда мешудаанд

СММ аз поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Бурунди сахт нигарон мебошад.

Иттилоъ расид, ки дар ин кишари африқоӣ инсонҳо бебаррасии додгоҳӣ қатл карда шуда, занон бошанд мавриди таҷовуз қарор мегиранд. Дар ҷой доштани амалҳои шаҳвонӣ ҳатто дар баъзе ҳолат неруҳои қудратӣ айбдор мешаванд. Замони доир кардани ҳаргуна амалиёт ва кофтукоб низомиён оилаҳои тарафдорони мухолифонро мавриди таҷовуз қарор додаанд. Кормандони СММ тақозо доранд, ки чунин як ҳодиса, ки миёнаҳои моҳи декабр дар пойтахти ин мамлакат шаҳри Буҷумбура ба қайд гирифта шуда буд, бояд мавриди тафтиш қарор гирад. Дар он рӯз якчанд пойгоҳи ҳарбӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки пас аз он неруҳои қудратӣ дар пойтахт силсила амалиётҳо доир намуда буданд. Аз баҳори соли сипаришуда ба ин сӯ ин кишвар дар ҳалқаи нооромиҳо қарор дорад. Тасмими Пиер Нкурунзиза барои бори сюм соҳиб шудани мансаби президентӣ ба сар задани муноқиша дар кишвар сабаб гашт. Мухолифон зидди ин ташаббуси Нкурунзиза баромад карданд. Дар тобистони соли 2015 интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар баргузор шуд. Дар асоси он як қатор роҳбарони мухолифон ба ҳайъати эътилофи ҳукумат ворид шуданд. Вале он ба буҳрони сиёсӣ дар кишвар нуқта гузошта натавонист. 200 ҳазор сокинони Буҷумбура ба кишвари ҳамсоя фирорӣ шуда панаҳ бурданд.