06:16, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҳалокшудагони таркиш дар Истамбул ба 15 нафар расид

Теъдоди фавтидагон бар асари таркиш дар шаҳри Истамбули Туркия торафт афзоиш меёбад.

Аз рӯйи охирин маълумот дар натиҷаи амали террористӣ наздики 15 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки 9 тан аз ҳалокшудагони инфиҷори сахт шаҳрвандони Олмон буда, ду каси дигар сайёҳ аз Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ҳодисаи мазкур дар майдони Султонаҳмади Истамбул ба вуқӯъ пайваста, ҳангоми содир шудани амали террористӣ шумораи зиёди сайёҳону меҳмонон дар ин макон қарор доштанд. Сарвазири Туркия изҳор намуд, ки ҳамлаи мудҳиш аз ҷониби силоҳбадастони гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» содир карда шудааст. Президенти ин кишвар бошад, дар ин амали террористӣ шаҳрванди Сурияро гумонбар донист. Майдони Султонаҳмад яке аз нуқтаҳои бонуфуз ва серодами Туркия ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин ҷо бинову ашёҳои бостонӣ ҷойгир буда, онҳо таърихи садсолаҳоро соҳибанд. Аз рӯйи маълумоти кормандони мақомоти полис шахси ҳамлагар макони мазкурро махсус интихоб кардааст. Зеро мақсади ӯ ҳарчӣ бештар аз ҳаёт маҳрум кардани одамон будааст. Шахси маргталаб баробари дидани корманди мақомоти полис таҷҳизоти таркандаи дар баданаш насбшударо ба кор даровардааст.