06:54, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Таркиши сахт дар Нангарҳор 3 куштаву 2 захмӣ барҷой гузошт

Бар асари таркиши сахт дар вилояти Нангарҳори қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

3 кас ба ҳалокат расида, 2 тани дигар ҷароҳат бардошт. Ҳодиса субҳгоҳон бо вақти маҳаллӣ дар наздикии яке аз муассисаҳои таълимии вилоят ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷинояткори номаълум мотосикли ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар канори роҳ аз тариқи дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардааст.