07:43, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Маҳви 30 ҷангӣ дар Покистон

Дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Исломии Покистон

миёни низомиёни Артиши миллии кишвар ва як гурӯҳи мусаллаҳ даргирии шадид ба амал омад. Ин бархӯрд дар ҳоле сар зад, ки силоҳбадастон нақшаи ҳамла ба минтақаи Датахелро ба сар мепарвариданд. Аммо силоҳбадастон ба муқовимати шадиди нозомиёни давлатӣ дучор афтодаанд. Зимни даргирӣ 30 ҷангӣ безарар гардонида шуд. Дар рафти муҳориба аз чархболҳо низ истифода гардидааст. Минтақаи мазкур дар Вазиристони Шимолӣ ҷойгир мебошад. Аз моҳи июни соли 2014-ум дар Вазиристони Шимолӣ амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад. То кунун дар натиҷаи ин тадбири низомӣ 3 ҳазору 500 ҷангӣ маҳв карда шудааст.