08:31, 25 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Шахсияти ҷинояткори навбатии Париж муайян карда шуд

Дар пойтахти Франсия - шаҳри Париж миёни кормандони мақомоти полис

ва шахси мусаллаҳи номаълум тирпарронӣ ба амал омад. Бар асари ҳодиса 1 нафар ба ҳалокат расид. Ҷинояткори мусаллаҳ дар пайи тирпарронии ҷавобӣ аз сӯйи полис кушта шуд. Ҳодиса дар назди бинои комиссариати ҳарбии қисми шимолии ин кишвар ба вуқӯъ пайваст. Ҷинояткор дар камараш ба монанди таҷҳизоти тарканда миёнбанде дошт. Баъди маҳви ҷинояткор ва кофтукоби баданаш муайян шуд, ки миёнбанд холӣ аз маводи тарканда будааст. Вазири корҳои дохилии Франсия Бернар Казнев иброз дошт, ки кормандони мақомоти қудратӣ шахсияти ин ҷинояткорро ошкор карданд. Ӯ Салоҳ Алӣ ном дошта, соли 1995 дар шаҳри Касабланкаи Марокаш таваллуд шудааст. Хотиррасон мекунем, ки ин амал як сол пас аз ҳамлаи террористӣ ба идораи нашрияи «Шарли Эбдо» сурат гирифт. Президенти Франсия Франсуа Олланд ҳангоми иштирок дар ёдбуди ҳалокшудагони амали террористӣ дар назди идораи нашрияи «Шарли Эбдо» гуфт, ки таҳдиди амалҳои террористӣ ҳанӯз боқӣ мемонад.