09:12, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокати 70 нафар дар як таркиш дар Либия

Дар бошишгоҳи тамринии шаҳри Злитени қисми шимолу

ғарбии Либия таркиш ба амал омад. Бар асари ҳодиса 70 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ воситаи нақлиёти ҳомили таҷҳизоти тарканда дар майдони тамринии бошишгоҳ инфиҷор дода шудааст. Таркиш ҳангоме сар зад, ки беш аз 100 нафар дар майдон ба машқҳои низомӣ машғул буданд. Ба иқрори шоҳидон пас аз таркиши сахт дуди ғализ атрофро фаро печидааст. Айни ҳол эҳтимолияти афзудани теъдоди қурбониён вуҷуд дорад. Зеро табибон вазъи сиҳатии бештари захмиёнро вазнин арзёбӣ мекунанд.