09:35, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мунфаҷир шудани таҷҳизоти тарканда ба захмӣ шудани 31 кас боис гардид

Дар шаҳри Гуҷранвалаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

таркиши сахт ба қайд гирифта шуд. Бар асари ҳодиса 1 кас ҷон бохта, 31 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарии беморхона шуданд. Дар миёни захмиён занону кӯдакон низ мебошанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, ҷинояткори номаълум автомобил ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар наздикии як маркази тиҷоратӣ ва корхонаи саноатӣ мунфаҷир намудааст. Дар пайи инфиҷори сахт қисми зиёди коргоҳ, маркази тиҷоратӣ ва даҳҳо воситаи нақлиёти канори ҷода хароб гардидаанд. Масъулияти амали террористиро ягон гурӯҳ ё шахси алоҳида бар уҳда нагирифтааст. Кормандони мақомоти марбута бо ҳадафи мушаххас намудани омилҳои таркиш дар ҷойи ҳодиса фаъолият мебаранд.