09:53, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Заминларзаи харобиовар дар Ҳиндустон

Заминларзаи сахт бо қувваи наздик ба 7 дараҷа дар Ҳиндустон ба амал омад.

Иттилоъ дода мешавад, ки қариб 9 нафар ба ҳалокат расида, наздик ба 200 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд. Ҷунбиши заминро дар баробари сокинони шимолу шарқи Ҳиндустон ҳамчунин аҳолии Мянма, Непал ва Бангладеш эҳсос намуданд. Ба таъкиди шоҳидон биноҳои ду ва ё сеқабата бисёр зарар диданд. Ҳукуматдорон ба минтақаҳои осебдида гурӯҳҳои кумакрасонро сафарбар намуданд. Вале хароб шудани хатҳои интиқоли барқ ва алоқа кори онҳоро мушкил гардондааст. Наҷотдиҳандагон изҳор медоранд, ки эҳтимоли афзудани теъдоди қурбониён мавҷуд аст, зеро якчанд нафар дар зери харобаҳо қарор доранд. Дар минтақаи асосии заминларза, яъне шаҳри Импҳали штати Манипур бисёре аз манзилҳои истиқоматӣ зарар диданд. Дар ин шаҳр як бинои навсохти 6 қабата хароб шуд. Сокинон дар давоми як дақиқа ду маротиба такон хурдани заминро эҳсос карданд.