00:24, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Консулгарии Ҳиндустон дар Мазори Шариф мавриди ҳамла қарор гирифт

Дар шаҳри Мазори Шарифи қисми шимолии Афғонистон

силоҳбадастон ба консулгарии Ҳиндустон ҳамла намуданд. Расонаҳои хабарӣ дар хусуси ба амал омадани ду таркиш ва сар задани тирпарронӣ дар назди бинои консулгарӣ иттилоъ медиҳанд. Тибқи иттилои шабакаи хабарии «Ал-Ҷазира» ҳамлагарон 4 нафар буда, қасди ворид шудан ба бинои консулгарии Ҳиндустонро намуданд. Онҳо дар масофаи 100 метр дур аз бинои консулгарӣ дар дохили як хонае қарор гирифтанд. Низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон маҳалро муҳосира намуда, тамоми манзилҳоро кофтукоб доранд. Баъзе расонаҳои хабарӣ дар мавриди талафоти ҷонӣ ва захмиён дар пайи ҳамла ба консулгарии Ҳиндустон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон иттилоъ медиҳанд.