18:29, 09 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фирдавс Ниёзов сазовори ҷоизаи Фестивали байналмилалӣ дар Чин гардид

Рӯзҳои 11 – 13 январи соли 2019 дар шаҳри Вейфанги музофоти Шангдонги Чин

Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметражи Вейфанг баргузор гардид. Коргардонҳои тоҷик ба фестивал се филм пешниҳод карданд. Бо назардошти ба қатори беҳтарин даҳгонаи филмҳои хориҷӣ шомил шудан, ҳайати ҳакамони фестивал филми «Бархӯрд»-и коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзовро сазовори ҷоиза донист. Ҳамчунин дар доираи фестивал ҳамоиши коргардонҳои филмҳои кӯтоҳметраж баргузор шуд, ки дар он атрофи масоили мубрами соҳа ва рушди ҳамкории минбаъда табодули назар сурат гирифт. Шумораи умумии филмҳои кӯтоҳметражи ба фестивал пешниҳодшуда беш аз 2900 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 100 филм маҳсули эҷодиёти коргардонҳои хориҷӣ мебошанд.