02:18, 21 Январи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Куллиёт»-и Сайидои Насафӣ чоп шуд

Ба муносибати 400-солагии суханвари бузург Сайидои Насафӣ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мегардад,

нашриёти «Дониш» «Куллиёт»-и ашъори ин суханвари тавонои асри 17-ро нашр намуд. «Куллиёт» бо ибтикори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омад. Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «Куллиёт» аз қасидаву маснавиҳои хурд, ғазалиёт, матни «Баҳориёт»-и шоир, мухаммасот, рубоиёт ва «Шаҳрошӯб»-и ӯ иборат аст. Ба андешаи Ф. Раҳимӣ, дар ашъори Сайидо, пеш аз ҳама, ишқ бо тамоми паҳлуҳояш тараннум ёфтааст. Зиёда аз ин мавсуфро адибе аз табори ҳунармандон муаррифӣ кардаанд ва ашъори ба аҳли ҳунари замон бахшидаи ӯ дар эҷодиёташ мавқеи вижа дораду маҳбубияташро дар байни ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ бештар афзудааст. Беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ ва мероси адабии ӯ аз наздик ошно менамояд, эҷодиёти ӯст. Офаридаҳои килки сеҳрангези шоир беш аз 8500 байтро фаро мегиранд.