- Тоҷикистон ва Эрон ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш таҳким мебахшанд
- Дар Исломобод масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои бонкии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
- Испания: Раъду барқ 40 биноро валангор кард
- Таркиши шадид дар Бағдод
- Дар Душанбе машғулиятҳои «Level-1» барои мураббиёни дарвозабонҳо оғоз гардиданд
- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд
- Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд (20/05/2019)
- Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ
- Чин: Бино фуру рафт
- Куба: Автомобил одамонро пахш кард
ЧАКАН БА РӮЙХАТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД КАРДА ШУД!
ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид
дар иҷлосияи солонааш дар Маврикий «чакан»- як навъи гулдӯзии тоҷикиро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода хабар дод. Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябр дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан- як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад. Хотиррасон менамоем, ки ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхати муътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд. Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст». Соли 2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палав ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин соли нави мардуми Шарқро низ ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд. То имрӯз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад.
- Фирдавс Ниёзов сазовори ҷоизаи Фестивали байналмилалӣ дар Чин гардид 15 Январ 2019
- Намояндаи Филлипин ғолиби «Зебосанами Олам» 19 Декабр 2018
- «Куллиёт»-и Сайидои Насафӣ чоп шуд 14 Декабр 2018
- Бозёфти нодир дар Миср 26 Ноябр 2018
- 23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад 19 Сентябр 2018
- Мушовири Сарвазири Покистон дар бораи Тоҷикистон китоб менависад 29 Август 2018
- Археологҳои Русия дар Қрим қавми «Скифҳо»-ро, пайдо намуданд 03 Июл 2018
- Исфара: Баргузории Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 02 Июл 2018
- Озмуни XV байналмилалии санъати китоб дар Душанбе ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ-ро интихоб ва қадрдонӣ менамояд 28 Июн 2018
- Бозёфти тамаддуни нав дар Бушери Эрон 21 Июн 2018