17:44, 19 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бозёфти нодир дар Миср

Бостоншиносон дар шаҳри қадимаи Луқсори Миср мақбараи қадимаи замони ҳукумронии

сулолаи 19 –уми шоҳигарии фиръавнҳоро, ки ба асрҳои 13-и пеш аз милод мансуб аст, пайдо намуданд. Дар дохили оромгоҳ ду дахмаи мумиёшудае, ки дар ҳолати хуб қарор дорад, ҷойгир мебошад. Дар деворҳои оромгоҳ нақшу нигор ва хати мисрӣ тасвир гардидааст. Бостоншиносон ҳамчунин аз дохили оромгоҳ беш аз ҳазор адад ашёҳои гуногун, аз қабили зарфҳои рӯзғор ва ҳайкалчаҳоро пайдо намуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ эҳтимол дахмаҳо ба яке аз наздикони фиръавн – бо номӣ Фаорхатеп, ки солҳои 1292-1186-и то мелод ҳукумронӣ дошт, маҳсуб меёбад.