16:57, 19 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мушовири Сарвазири Покистон дар бораи Тоҷикистон китоб менависад

Сардабири рӯзномаи «DailyHerald Tribune»-Покистон Ғулом Акбар, ки ҳамзамон мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон таъйин шудааст,

дар бораи Тоҷикистон китоб навишта, кишвари моро ба ҷомеаи 220- миллионнафараи Покистон муаррифӣ менамояд. Ғулом Акбар, ки ҳамчунин узви аршади Раёсати мушовараи Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистион мебошад, дар ҳайати кормандони Маркази мазкур ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Вай дар мулоқоти ҳайати покистонӣ бо директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ 27 август дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки аз моҳи апрели соли равон ба навиштани китоб, ки фарогири дастоварҳои Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аст, оғоз намудааст. Китоби Ғулом Акбар бо забонҳои тоҷикӣ, урду, русӣ ва англисӣ нашр гардида, интизор меравад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод муаррифӣ гардад. Бояд зикр кард, ҳайати покистонӣ таҳти роҳбарии президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал –майори мустаъфӣ Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарони бархе аз идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири вазоратҳои корҳои хоричӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориро миёни ду кишвари дӯст матраҳ намуданд.