11:07, 19 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

"НАСА" : Пиряхи азимтарин об мешавад

Ба қавли олимони Маркази Тадқиқоти Кайҳонии Амрико маъмул бо номи «НАСА», яке аз

бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон, ки «Би-15» номгузорӣ шудааст, эҳтимол ба наздикӣ пурра об шавад. Ин пирях соли 2000-ум аз қитъаи Антарктида ҷудо шуда буд. Масоҳати умумии он аз ҳудуди Куба ҳам васеътар аст. Дар оғоз пирях баъд аз ҷудошавӣ дар атрофи Антарктида чарх зада, соли 2016-ум ба қисми ҷанубии обҳои Атлантика ҳаракат намуд. Пиряхи бузурги «Би-15» тақрибан масофаи 6 ҳазору 600 милро тай кардааст, ки ин қариб ба 10 ҳазор километр баробар мебошад. Пирях пайваста ба пораҳои хурд ҷудо гардида, нест шуда истодааст. То имрӯз ҳамагӣ 4 қисми бузурги он боқӣ мондаасту халос. Ба андешаи олимони «НАСА» пиряхҳо одатан дар обҳои экватор зудтар об мешаванд. Айни замон пораҳои калони пиряхи бузурги «Би-15» дар наздикии хати экватор қарор дорад.