08:00, 27 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» — монографияи нав

22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об ташаббуси чоруми

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман оғоз мегардад. Бахшида ба оғози Даҳсолаи мазкур чанде қабл матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) монографияи докторант Ph.D – и соли сеюми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Манижа Баҳромзодаро таҳти унвони «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» зери таҳрири доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадӣ Муқимов ба табъ расонид. Монографияи мазкур аз се боб иборат буда, ба масъалаҳои глобалии экологӣ, аз қабили об ва тағйирёбии иқлим ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масоил дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси омӯзиши сарчашмаҳо ва маълумоти илмӣ паҳлӯҳои мухталифи масъалаи глобалии об ва тағйирёбии иқлимро мавриди пажӯҳиш қарор дода, муҳимият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба ҳалли масоили об нишон додааст. Дар монография андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиш додани хориҷшавии гази карбон ба ҳавои атмосфера ва ба ин васила пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳо ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст. М. Баҳромзода дар монографияи худ инчунин ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили хушкшавии баҳри Арал ва пайомадҳои он, истифодаи самараноки захираҳои оби минтақа барои бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун» низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи экология, сиёсат, журналистика ва ҳамаи онҳое, ки ба сиёсати экологии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиии он мароқ зоҳир мекунанд, тавсия дода мешавад.