14:37, 12 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Молики фарри каёнӣ». Таҳти ин ном дар Душанбе китоби нав ба нашр расид

Нашриёти «Истеъдод» китоби «Молики фарри каёнӣ»-и шоира Мағфират Юсуфиро

ба нашр расонид. «Молики фарри каёнӣ» дар заминаи барномаи радиоӣ рӯйи чоп омада, аз раванди давлатдорию сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят менамояд. Маводи китоби мазкур дар асоси назарсанҷӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба даст омада, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст. Тавре муаллиф Мағфират Юсуфӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, китоби «Молики фарри каёнӣ» дар асоси маводи барномаи таҳлилию иттилоотии «Наҷотбахши миллат», ки аз мавҷи радиои «Садои Душанбе» пахш мегардад, мураттаб гардидааст.