11:24, 10 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Панҷакент мизбони тантанаҳои Наврӯзи байналмиллалӣ дар вилояти Суғд

Тантанаҳои вилоятии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор мегарданд.

Тавре аз вилояти Суғд мухбири минтақавии "Ҷаҳоннамо" иттилоъ дод, тибқи қарори раиси вилояти Суғд моҳи марти соли 2018 дар қаламрави вилоят ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуда, маросими ботантанаи таҷлили он дар шаҳри Панҷакент мегузарад. Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани ин иди байналмилалӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Имрӯз барои мо, тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз таҷлили ин иди бостонӣ мояи ифтихор мебошад, зеро ин ҷашни куҳану зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Россия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурда, иди мазкур ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.