11:29, 19 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион 60, 41 % -ро ташкил медиҳад

Таъсис ёфтани телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз», ба пахши дақиқияташ баланд –НD гузаштани

«Телевизиони Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» аз ҷумлаи дастовардҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 маҳсуб мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин кумита раиси он Маҳмадсаид Шоҳиён зикр намуд. “Шакли дақиқияташ баланди НD танҳо тариқи фиристандаҳои рақамӣ пахш гардида, фиристандаҳои аналогӣ ин имконро надоранд”, — зикр намуд Маҳмадсаид Шоҳиён. Мавриди зикр аст, ки гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум шуруъ гашта буд, ки ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №86 аз 1 марти соли 2004 тасдиқ шудааст) ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №529 аз 1 октябри соли 2009 қабул шудаст) асос гузошта буданд. Маҳз ҳамин санадҳо рушди шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, аз ҷумла гузаштан ба пахши рақамӣ ва фарогирии пурраи барномаҳои телевизион ва радиоро дар қаламрави мамлакат пешбинӣ намудаанд. Дар асоси ин санадҳо бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди пахши рақамии телевизион барои солҳои 2010-2015 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҶТ таҳти №76 аз 27 феврали соли 2010 тасдиқ гардид. Дар Барномаи мазкур аҳамият ва афзалияти пахши рақамӣ ва фарқи он аз пахши куҳнашуда (аналогӣ), зарурияти дар Ҷумурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи аврупоии пахши рақамии телевизион(DVB – Digital Vidio Broadcasting), давраҳои амалисозии гузариш ба пахши рақамӣ зикр гардида буд: 6 давра аз соли 2010 то соли 2015. Ба ибораи дигар, таҳкурсии асосии гузариш ба пахши рақамӣ аллакай то соли 2015 пурра бунёд ёфта буд ва минбаъд навгониҳо дар ин самт дар шабакаҳои навтаъсисёбанда, албатта, натиҷаи иҷрои Барномаи зикршуда мебошанд. Аммо сатҳи истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда имрӯз беҳбудӣ металабад. Зеро, тавре дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, айни замон фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион ҳамагӣ 60, 41 % -ро дарбар мегирад. Ин рақам бо пахши аналогӣ чунин аст: «Телевизиони Тоҷикистон» -99, 72%, «Телевизиони Сафина» 92, 7%, «Ҷаҳоннамо» -78, 96%, «Баҳористон»-89, 01%. «Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ — Радиои Тоҷикистон -85, 32%, «Овози тоҷик» -55, 13 %, «Садои Душанбе»- 63, 45 % ва «Фарҳанг» -59% аст», — гуфта шуд дар нишасти хабарӣ. Тавре директори ҶСК “Телерадиоком” Хуршед Ҳабибов иттилоъ дод, корҳо ҷиҳати таъмини бештари аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио идома доранд. Номбурда гуфт, ки айни замон тавассути 2 моҳвора- NSS12 ва Yahsat 1а беш аз 47 давлати дунё имкони дастрасӣ ба барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро доранд.