23:36, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мешаванд

Бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари

ба ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Фотима Машрабова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст. Санъати рақси миллии тоҷикро дар Ӯзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард. Айни замон ҳайати ҳунариву эҷодӣ ва расмии Рӯзҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ бо муваффақият идома доранд. Ба хотири дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани санъату ҳунари миллӣ ба барнома устодони санъат, беҳтарин ҳунарпешагону гурӯҳҳои ҳунарӣ ва намоиши филмҳои тоҷикӣ, намоиши аксҳо доир ба дастовардҳои замони истиқлол ва намоиши китобҳои тозанашр шомил гардидаанд.