23:54, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии ёдгориҳои бостонии гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим дар Тошканд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи зерминтақавии

«Рушди стратегияи мудирият оид ба мероси ҷаҳонии гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷаласа аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО дар Тошканд ва Дафтари ЮНЕСКО дар Алма-Ато ташкил гардида, дар он масъалаҳои раванди пешниҳоди бахшҳои зерминтақавии мероси ҷаҳонии «Роҳи абрешим» баррасӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур гурӯҳи коршиносони миллӣ дар ҳайати сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев таҳти роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода намояндагӣ карданд. Дар ҷаласа инчунин коршиносони миллӣ аз Белгия, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Япония ва Дафтари Юнеско дар Париж иштирок намуданд. Боиси зикр аст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим ёдгориҳои бостонӣ-меъмории Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, ёдгориҳои бостонии болооби Сирдарё, тасвирҳои рӯисангии канори шаҳри Хуҷанд ва ёдгориҳои бостонии ноҳияи Ашт муаррифӣ гардиданд.