01:27, 23 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Роғун маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 700 нафар сокинону меҳмонон даври шаҳрии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017» баргузор гардид. Дар он маҳсули ҳунарҳои мардумии халқу миллатҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд. Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва бадеҳахонӣ гузаронида шуд. Ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонони шаҳри Роғун баҳои баланд дода, ба онҳо дипломҳои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» тақдим карда шуданд.