02:32, 24 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон оғоз гардид

Тавре қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон дар ҳайати 40 нафар 12 июни соли 2017 тавассути тайёраи Ширкати ҳавонавардии Туркманистон «Turkmenistan airlines» бо хатсайри Ашқобод–Душанбе–Ашқобод, ки парвози озмоишӣ буд, ба Ашқобод сафар карданд. Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ашқобод намояндагони Вазорати фарҳанги кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин чорабинӣ дирӯз вохӯрии расмии ҳайати иштироккунандагони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамирадов баргузор гардид. Сипас, ҳайати мазкур аз Осорхонаи давлатии Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дидан намуданд. Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июн, соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон дар назар аст. Барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик, ки дар маросими кушодашавии ботантани ин маъракаи фарҳангӣ манзури тамошобинони Туркманистон мешавад, намунаҳои беҳтарини санъати рақс ва суруди халқи тоҷикро дар бар мегирад. Хотиррасон менамоем, ки ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радио Хуршед Иброҳимов ва Парвин Маҳмадёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомил гардидаанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев роҳбари бадеии барнома мебошад.