00:43, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Мутолиаи китобҳои бадеӣ ба афзудани шуурнокӣ мусоидат мекунад

Равоншиносон ва асабшиносони Донишгоҳи Ливерпули Британияи Кабир

баъди тадқиқоти зиёд ба хулосае омаданд, ки мутолиаи китобҳои бадеӣ ба афзудани шуурнокӣ ва фаъол гаштани майнаи сари инсон мусоидат мекунад. Барои анҷом додани тадқиқот коршиносон чанд нафар ихтиёриёнро даъват намуда, аз онҳо дархост карданд, ки танҳо эҷодиёти драматургон Уилям Шекспир, Вордсворт ва Элиотро мутолиа намоянд. Ҳолати асаб ба ҳар як калимаи мутолиашуда аз тарафи иштирокчиёни тадқиқот тариқи томографияи магнитӣ сабт карда шуд. Дар натиҷаи озмоиши аксҳо муайян гардид, ки матнҳои аслӣ бо маҷозҳои мураккаб ва синтаксис хонандаро ба идомаи мутолиа водор мекунад. Ҳамчунин олимон муайян намудаанд, ки мутолиаи шеър ва ғазалҳо қисми рости майнаи сари инсонро, ки дар он бештари маълумот захира мешавад, фаъол мегардонад.