10:22, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII Делфӣ ғолиби бахши «созҳои миллӣ» гардид

Аз 18 то 23 апрели соли равон бо даъвати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил

ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ҳунармандони ҷавони тоҷик аз рӯи 5 бахш дар равияҳои академӣ, анъанавӣ, санъати иҷрокунандагӣ ва санъати тасвирӣ ҳунарнамоӣ намуда, Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дар бахши «созҳои миллӣ» ғолиби Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гардид. «Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки баргузории Бозиҳои Делфӣ- ин тарғиби ҳаракати байналмилалии ин бозиҳо, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад»,- хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.