19:25, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Туҳфа Фозилова ҳамоиши илмӣ доир гардид

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти устоди санъат, ҳунарпешаи халқии СССР,

дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ дирӯз ва имрӯз» ҳамоиши байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш масъулини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва намояндагон аз Сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ин чеҳраи тобноки ҳунар сухан карда, нақши ӯро дар вусъати фарҳангу санъат басо бузург арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки фаъолияти эҷодии Туҳфа Фозилова аз нимаи дуюми солҳои 30-юми садаи 20 ба ҳаёти театрию мусиқии Душанбе иртибот дошта, маҳорати хосаи нақшофарӣ ӯро на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки берун аз он низ ҷойниши қалби дӯстдорони бешумори соҳаи санъат кардааст. Дар ҷараёни баргузории ҷамъомад маҷмааи тозатаълифи аҳли илми Академияи илмҳо, таҳти унвони «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ дирӯз ва имрӯз» муаррифӣ карда шуд. Муаллифон кӯшиш бар он кардаанд, ки ҳиссаи гузоштаи Туҳфа Фозиловаро дар рушди ин соҳаи афзалиятнок, ба хонандаи хеш ошно кунанд. Дар анҷом гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз хиёбонҳо ба номи Туҳфа Фозилова гузошта шудааст.