01:31, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе

Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии "Пойтахт-80"

(Амфитеатр) бо чорабинии калони идона таҳти унвони "Душанбе - пешоҳанги ташаббусҳои созанда ва рамзи иттиҳоди миллати тоҷик" ба таври хотирмону пуршукӯҳ доир гардид.

Паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи пойтахт Муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва иштирокчиёни тантанаҳо расонд. Таҷлили Рӯзи пойтахт дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсози миллат барои сокинони шаҳри Душанбе хеле арзишманд буда, мояи ифтихор ва сарфарозиҳост.

Ҳамасола тибқи анъаноти шаҳрдорӣ Рӯзи пойтахт бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гардида, дар ин рӯз дар радифи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ маъмулан як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Имсол низ дар арафаи Рӯзи пойтахт бо ифтитоҳи як силсила иншооти ҷадид ва азнавсозии як қатор муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва варзишӣ симои пойтахти Ватани азизамон боз ҳам зебову дилрабо гардида, эътибору манзалати Душанбе ба ҳайси пойтахти давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардид.

Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ ҳамасола ба муносибати ин санаи фархунда фаъолияти намояндагони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи пойтахт қадрдонӣ гардида, ғолибони озмуну сабқатҳои соҳавӣ бо тӯҳфаву мукофотҳо ҳавасманд гардонда мешаванд.

Дар оғоз ғолибони ниммарафони У111 байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар 12 намуд қадрдонӣ шуданд. Дар вазъияти ботантана намояндагони мақомоти роҳбарии пойтахт ба ғолибони ниммарафон аз кишварҳои Эфиопия, Эрон, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ҷоизаҳои таъсискардаӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо супориданд.

Имсол бо мақсади ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол - 2016», «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2016», «Табиби сол - 2016», «Табиби оилавии сол - 2016», «Корманди миёнаи тибби сол -2016» муассисаву корхона ва афроди зерин ғолиб дониста шуданд:

а) коллективи кормандони Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К. Ахмедов ғолиби озмуни «Беморхонаи сол - 2016» дониста шуда, сазовори мукофот ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ гардиданд;

б) коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10 ғолиби озмуни «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2016» дониста шуда, сазовори мукофот ба маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ гардиданд;

в) мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Саидов Қутбидин Маҳмадуллоевич ғолиби озмуни «Табиби сол - 2016» гардида, сазовори мукофот ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ шуданд;

г) табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Худойбердиева Наргис ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол - 2016» дониста шуда, ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шуданд;

д) ҳамшираи тиббии Маркази шаҳрии бемориҳои пуст ва зуҳравӣ Чақонова Гуландом Алимардоновна ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол – 2016» гардида, ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҷамъомади ботантана ғолибони озмуни "Беҳтарин нозири минтақавии сол" эълон гардиданд. Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе, бо инобати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» гузаронида шуд. Комиссияи марбута 31 марти соли 2017 натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст намуда, ғолибон

- Нозирони беҳтарини минтақавии зеринро муайян карданд:

- Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи якум;

- Эшмаҳмадов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 дар ноҳияи Сино - ҷойи дуюм;

- Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи сеюм;

Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи сеюм 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва ба ҳар як ғолиб Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе дар «Рӯзи пойтахт» ба таври тантанавӣ супорида шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ барои дастгирии иҷтимоии беҳтарин роҳрӯбони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба 4 нафар рӯбандаи фаъол аз 4 ноҳияи шаҳри Душанбе Ятимова Сумбулла Ҳусеновна аз ноҳияи Шоҳмансур, Ҳалимова Нигина Ревоҷидиновна аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Оева Шаҳрӣ Гадоевна аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҷалилова Гулчеҳра аз ноҳияи Сино ба ҳар кадом мукофотпулӣ ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ эҳдо гардид.

Тантанаҳои идонаро ба ифтихори Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ фароғатии "Душанбе - пешоҳанги ташаббусҳои созанда ва рамзи иттиҳоди миллати тоҷик" идома бахшида, омодагиҳоро барои сабқат дар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ барои як соли дигар оғоз бахшид.