02:12, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи донишмандони бузурги тоҷик гузошта шуд

Дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи 4 донишманди бузурги тоҷик

— Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шуд. Дар ин бора дар саҳифаи Хадамоти иттилоотии СММ дар «Фейсбук» иттилоъ дода шудааст. Муҷассама дар шакли суҳбатгоҳ дар сабки шарқӣ, ки дар он ҳар чаҳор бузургвор бо савлату салобат ва суҳбаткунон нишастаанд, сохта шудааст. Дар тӯли таърих ин чаҳор донишманд дар рушди илм дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд. Онҳо дар илмҳои гуногун инқилоб ба вуҷуд оварда, номи худро дар таърихи инсоният ҷовидонӣ намудаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, Умари Хайём — файласуф, риёзидон, ситорашинос ва шоир, Абуалӣ ибни Сино табиб, шоир, файласуф, риёзидон ва табиатшинос, Абурайҳон Берунӣ олим, риёзидон, ситорашинос, антрополог, ҳиндшинос ва таърихшинос, Закариёи Розӣ табиб, файласуф, кимиёшинос ва аввалин ихтироъкори спирт дар ҷаҳон буданд.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Абуалӣ ибни Сино, ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, 16 августи соли 980 дар шаҳри Афшонаи Бухоро таваллуд шуда, 18 июни соли 1037 дар Ҳамадони Эрон вафот кардааст. Ӯ олими асримиёнагии тоҷику форс, файласуф, табиб ва намояндаи аристотелизми Шарқ буд. Абуалӣ ибни Сино ҳамчунин ба ҳайси табиб дар дарбори амирони Сомонӣ хизмат карда, як муддат дар Ҳамадон вазир буд. Ҳамагӣ беш аз 450 асар дар 29 соҳаи илм навиштааст, ки аз онҳо то ба имрӯз 274-тоашон омада расидаанд. Ӯ яке аз файласуфон ва олимони маъруфу барҷастаи ҷаҳони исломи асримиёнагӣ буд.

Ал-Берунӣ 4 октябри соли 973 дар шаҳри Кяти Хоразм (ҳозира шаҳри Берунӣ дар Ӯзбекистон) таваллуд шудааст. Ӯ олим, донишманд, мутафаккир ва инчунин муаллифи асарҳои бузурги таърихӣ, ҷуғрофӣ, филологӣ, ситорашиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, маъданшиносӣ, дорушиносӣ, геология ва ғайраҳо буд. Берунӣ қариб, ки ҳамаи илмҳои замони худро медонист.

Умари Хайём 18 майи соли 1048 дар Нишопури Эрон таваллуд шуда, 4 декабри соли 1131 дар зодгоҳаш вафот кард. Ӯ файласуф, риёзидон, ситорашинос ва шоири тоҷику форс буд. Дар илми алгебра бо асос гузоштани таснифи муодилаҳои мукааб ва ҳалли онҳо бо ёрии буришҳои конусшакл саҳм гузоштааст. Дар тамоми ҷаҳон ҳамчун файласуф ва шоири барҷаста маъруф аст. Умари Хайём ҳамчунин чун асосгузори яке аз дақиқтарин тақвимҳое, ки имрӯз истифода мешаванд, машҳур мебошад.

Закариёи Розӣ тақрибан соли 925 дар шаҳри Рейи наздикии Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ олим, донишманд, табиб, кимиёшинос ва файласуф буд. Аксари асарҳои Розӣ баъдтар ба забони лотинӣ тарҷума шуда, миёни табибон ва кимиёшиносони Аврупои Ғарбӣ маъруфият пайдо кардаанд. Дар Аврупо бо номи лотинии Разес (Rhazes) ва Абубатер (Abubater) машҳур аст.