02:11, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Тоҷикистон ба харитаи адабии ҷаҳон шомил шуд

Нашрияи бритониёии The Independent харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки

дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов - «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн) муаррифӣ шудааст. Аз Федератсияи Россия Лев Толстой бо асари «Война и мир» (Ҷанг ва сулҳ) пешниҳод шудааст. Дар ин бора агентии иттилоотии Азия-Плюс бо ишора ба нашрияи The Independent хабар медиҳад. «Хуррамабад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000-ум дар Маскав нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаллифро номзад ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид. Дар эзоҳҳояш ба роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамабад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.