10:19, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Идомаи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

тайи ду рӯз аст, ки дар қаламрави кишвар идома дорад. Ба ин муносибат дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи адибону омӯзгорон ва толибилмон чорабинӣ баргузор шуд. Зимни ҳамоиш нақш ва манзалати китобҳои бачагона дар таълиму тарбияи дурусти насли наврас муҳим арзёбӣ гардид. Толибилмон аз ашъори шоирону нависандагони классику муосири халқи тоҷик шеърҳои гуногун қироат карданд. Шеърхонӣ ва сухандонии онҳо аз он шаҳодат медод, ки дар дил меҳри Ватан мепарваранд. Тарбия намудани кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ бошад, вазифа ва уҳдадориҳои оила ва омӯзгор аст, ки дар ин самт бояд дастаҷамъона фаъолият намоянд. Имрӯз бошад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат китобҳои гуногуни ҷолибе баҳри мустаҳкам намудани саводнокии насли наврас аз чоп баромадаанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ васеъ истифода мешаванд. Вале зиёд будани ин китобҳо ва бо тарзи содаву замонавӣ пешкаши толибилмон сохтани он мафкураи кӯдакону наврасонро дигар мекунад.