07:15, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Маҳфили адибони ҷавон таҳти унвони "Гулбарги наврӯзӣ" дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе маҳфили адибони ҷавон таҳти унвони

"Гулбарги наврӯзӣ" доир гашт. Ҳамоиши фарҳангӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибони шинохта ва ҷавонони навқаламу соҳибистеъдод дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон элон гардидани соли 2017,ҷараён гирифт. Ҳадаф аз маҳфил дарёфти ҷавонони эҷодкори хушсалиқа арзёбӣ гардид. Дар маҳфили эҷодӣ шоирони шинохтаи Тоҷикистон бо навқаламон суҳбат намуда, оид ба вазъи феълии назму наср дар адабиёти тоҷик ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки чакидаҳои хомаи аҳли эҷод бояд тараннумгари сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ ва якдилӣ буда, мардумро ба меҳнатдӯстиву меҳанпарстӣ ҳидоят намояд. Зимни ҳамоиш ҷавонони навқалам бо кумаки шоиру нависандагони хушсалиқаву шинохта аз нозукиҳои эҷоди шеър ва дигар жанрҳои адабӣ маълумоти бештар пайдо карданд.