07:27, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ба ТВ «Душанбе» табдил дода шуд

Минбаъд Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт»

— Муассисаи давлатии «Телевизиони «Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонсарои «Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» ном бурда мешаванд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарорҳои дахлдор дар бораи иваз намудани номи меҳмонхона ва телевизиони мазкур аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 28 марти соли 2017 ба имзо расиданд. Ба директорони ТВ «Душанбе» ва КВД «Меҳмонхонаи Душанбе» С. Рауфзод ва С. Мӯсоев супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба муҳру сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаҳо ворид намудани тағйироти зарурӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Назорати иҷрои қарорҳои мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода ва Мавсума Муинӣ гузошта шуд. Қобили зикр аст, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе корҳои нақшавиро ҷиҳати ба ифоқа овардани вазъи корҳо дар пойтахт бомаром идома дода, аз ҷумла, барои иваз намудани номҳои ҳаммонанди ташкилоту муассисаҳо тадбирҳо меандешад. Ғайр аз муассисаҳои мазкур айни ҳол дар шаҳри Душанбе як қатор иншооту муассисаҳо, аз ҷумла, «Боғи Пойтахт», Маркази таълимии «Пойтахт», Маркази хизматрасонии «Пойтахт», рӯзномаи «Мароми Пойтахт», бинои истиқоматии «Пойтахт», тарабхонаи «Пойтахт» ва маркази савдои «Пойтахт» номҳои ба ҳам монанд доранд.