08:17, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ»

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон варзиш

ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши миллии сайёҳӣ таҳти унвони «Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид. Роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагон аз ширкатҳои ватанӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, дар чорабинӣ ширкат намуданд. Ҳадафи аслии ҳамоиш тарғибу ташвиқи мероси бойи фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, анъана ва фарҳангӣ волои миллати тоҷик ба сайёҳон арзёбӣ гардид. Зикр гардид, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ буда, иди сафову эҳёи табиат мебошад. Инчунин, дар ҳамоиш имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон баррасӣ гардида, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятхои васеи қабули сайёҳонро дошта, мо метавонем бо муаррифии фарҳангӣ волои қадимаи хеш ҳамасола диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб намоем.