08:21, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар Конибодом

Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани

ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимӣ ва маҳбуби халқи тоҷик мебошад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, кулли сокинони шаҳр ин ҷашни фархундаи баҳору оғози эҳёи табиатро бо корҳои ободониву сарсабзгардонӣ пешвоз мегиранд. Дар ноҳия тадбири оммавии «Дилу ниятамонро пок месозем»-ро, ки тайи як моҳ идома дошта, 18 март ҷамъбаст мегардад, ҳамагон дастгирӣ намуда, дар ҳудуди маҳалли зист ва коргоҳи худ ба тозакориҳо вусъат бахшидаанд. Ободонию шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва сафедкунии дарахтон ба иҷро расонида шуда, шаҳр симои дигаргун гирифтааст. Бахшида ба таҷлили Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як силсила чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар назар дошта шудааст. Ташкили намоиши гулу парандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», баргузории тӯйҳои хайриявӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф, аз қабили «Дави миллӣ», шоҳмотбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Инчунин консертҳои идона ва сайругашти оммавӣ, намоишнома, филм, инчунин консерти аҳли ҳунари Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ва тантанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди сокинон хоҳанд гашт.