09:21, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Ҳисор

Имрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик

дар толори Мактаби президентии шаҳри Ҳисор ҳамоиш доир гардид. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд. Аз ҷумла, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зикр намуд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намоянд. Дар ҳамоиш як қатор рӯзноманигорон бо сипосномаву ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ карда шуданд.