20:08, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри ба номи А. Лоҳутӣ таҷлил мегардад

Имрӯз, 10-уми марти соли равон соати 15:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии

ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, баргузории ҳамоиш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда, дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, воситаҳои ахбори омма ва устодону собиқадорони соҳа иштирок менамоянд. Қобили зикр аст, ки 11-уми марти соли 1912 аввалин нашрия ба забони тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» ба табъ расид. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 11-уми март чун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.