06:44, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши арзанда доранд

Дар Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа

бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки занон аз сохторҳои қудратии мамлакат чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши занон дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон» баргузор гардид. Зимни баргузории ҳамоиш таъкид шуд, ки занон дар баробари мардон дар самти пешбурди тадбирҳои оммавӣ – мудофиавӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши арзанда доранд. Бо ин роҳ онҳо саҳми худро дар тарбияи ҷавонони муҳофизи Ватан гузошта, дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакатамон ҳиссагузорӣ менамоянд. Ҳозирин дар суханронии худ бо назардошти эълон гардидани Соли 2017 ҳамчун Соли Ҷавонон зарур шумориданд, ки тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон фаъолтар ба роҳ монда шавад. Зеро тарбияи ҷавонон фаъолиятест, ки иштироки ҳамоҳангӣ мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро тақозо мекунад. Дар анҷоми ҳамоиш Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба фаъолзанони сохторҳои қудратии мамлакат ба муносибати Рӯзи модарон туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.