08:56, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи шабакаи нави “Футбол”

Ба ифтихори Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шабакаи нави телевизионии "Футбол"-ро таъсис диҳад. Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ шабакаи нави телевизионии "Футбол" ба кор оғоз кард. Ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад. Шабакаи "Футбол", ки санаи 21-уми феврали соли 2017-ум ифтитоҳ ёфт, нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон буда, бемуболиға ба яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш - футбол бахшида мешавад ва барномаҳои худро дар формати муосири телевизионии шаффофияташ баланди HD пахш менамояд. Шабакаи ҷадиди "Футбол"-и Федератсияи футболи Тоҷикистон на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, премер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои гурӯҳи "А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар эфири шабакаи нави телевизиони махсусгардонидашудаи «Футбол», инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқа ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти даставу клубҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд. Бояд гуфт, ки шабакаи “Футбол” ба таври рақамӣ тавассути моҳвораи алоҳида пахш шуда, сатҳу сифати намоишҳои он аз дигар шабакаҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Тамоми техникаву таҷҳизоти ин шабака рақамӣ буда, сифати баландтарини тасвирро таъмин мекунад ва барои тарғиби дастовардҳои футбол шароити беҳтаринро фароҳам оварда метавонад. Федератсияи футболи Тоҷикистон, бори дигар ҳамаи мухлисону алоқамандони футболро бо ин рӯйдоди фараҳбахши Тоҷикистони навин табрику шодбош мегӯяд ва итминони комил дорад, ки шабакаи "Футбол" дар боз ҳам оммавӣ гардидани варзиш, бахусус футбол нақши муассири худро мегузорад.