11:23, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Оғози Фестивали «Моҳпайкари Наврӯз» дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз

ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврӯз» доир шуд. Дар ин чорабинӣ ҷавондухтарони ҷамоат фаъолона иштирок намуда, тарзи дурусти аз бар намудани сару либоси миллиро бо завқу маҳорати баланд пешкаши ҳайати ҳакамон ва дигар иштирокчиён намуданд. Ҳадафи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ намоиш додани ҳунари волои тарроҳон ва ба ин васила тарғиби либосҳои миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ роҳандозӣ мешавад. Шартҳои асосии фестивал ин шинаму зебо будани либос, инъикос шудани нақшу нигори миллӣ, тахайюлоти эҷодии тарроҳ ва аз матои миллӣ аз қабили атласу адрас ва алоча омода шудани либос мебошад.

Фестивали мазкур дар ду давр сурат гирифта, даври аввал бо муайян намудани беҳтаринҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷҳо, ҷамоатҳои деҳот доир гардида, ғолибон ба даври дуюм, ки дар маркази ноҳия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифааст, ки даври ҷамбастии фестивалро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳраки Сомониён натиҷагирӣ намоянд.