02:59, 28 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

13 феврал — Рӯзи байналмилалии радио

Ҳамасола 13 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио таҷлил мегардад.

Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО дар 36-умин Конфронси Ассамблеяи Генералии СММ 3-юми ноябри соли 2011 қабул гардид. Ҷашнгирии ин рӯз ҳамчун рӯзи ҷаҳонии радио аз тарафи Шоҳигарии Испания пешниҳод шуда буд. Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсиаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Дар миёни радиоҳои фаъолиятбаранда дар қаламрави Тоҷикистон, яке аз ҷавонтарини онҳо ин Радиои «FM Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мебошад. Он 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №285 таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи ин радио он аст, ки Радиои «FM Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www. Khovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор гирифт. Инак бештар аз 5 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Дар радио дар як шабонарӯз аз 35 то 40 нашри «Хабар», гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои зиёди таҳлилӣ, сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳоди шунавандаҳо гардонида мешаванд.