08:59, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Оғози Карнавали анъанавии зимистона дар Франсия

Дар шаҳри Нитсаи Франсия Карнавали анъанавии зимистона оғоз гардида,

ҳукуматдорони маҳаллӣ ба қабули меҳмонону сайёҳон омодаанд. Мавриди зикр аст, ки карнавали мазкур ҳанӯз аз асрҳои 13-ум қайд карда мешавад. Чорабиниҳои асосӣ дар маркази соҳилҳои Англия баргузор мегардад. Карнавали мазкур аз барномаҳои ҷолиб иборат буда, дар он ҳунармандони театр ва синамо ширкат меварзанд. Яке аз анъанаҳои қадимаи карнавали зимистона ин аст, ки дар аввали он шоҳ ва дар охираш маликаро интихоб мекунанд. Барои таъмини амният ҳангоми баргузории карнавали имсола тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шудааст. Зеро ҳанӯз сокинон амали террористие, ки 14-уми июли соли гузашта рух дода буд, фаромӯш накардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки террористон аз автомобили боркаш истифода карданд, 87 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмӣ шуда буданд.