10:26, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Саҳми занон дар рушди илм»- конфронс дар Академияи илмҳо

Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ва ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси чаҳоруми илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкурро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, саҳми занонро дар рушди соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат муассир ва арзанда арзёбӣ намуд. Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои болоравии мақому мартабаи занону духтарон ва ҷалб намудани онҳо ба илму маориф тадбирҳои зарурӣ ва пай дар пай меандешад. «Дар конфронси мазкур Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Ғайратова, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, 18 маърӯзаи илмӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд, ки паҳлӯҳои гуногуни нақши занони олимаро дар рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ, тиб, риёзиёт ва соҳаҳои дигари илмҳои дақиқ фаро гирифтанд»,- хабар дод манбаъ. Ҳамчунин манбаъ афзуд: «Хотиррасон намудан зарур аст, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 11 феврали соли 2012 дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат конфронси мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид».