03:05, 28 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боздиди меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар аввалин моҳи соли равон 50 нафар меҳмонони хориҷӣ

аз Китобхонаи миллӣ дидан карда, бо шароити он аз наздик шинос шуданд. Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, моҳи январи соли равон 3 ҳазору 144 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд мебошад. Дар моҳи аввали соли равон омаду рафти хонандагони доимии Китобхона низ ба маротиб афзудааст. Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2016 42 ҳазору 575 нафар хонандагон вориди китобхона шуданд, ки ин рақам дар моҳи январи имсола 52 ҳазору 289 нафарро ташкил намуд.