10:54, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ба таҷлили чорабиниҳои миллӣ ҳаматарафа омода бояд буд

Имрӯз, 6-уми феврали соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо иштироки Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, сардорони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтор ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили чорабиниҳои дар пеш истода, хусусан ҷашнгирии Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмиллалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг вазифадор гардиданд, ки барои дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтани иду чашнвораҳо ва дар доираи 120 рӯзи ободонӣ мунтазам шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор намоянд. Масъалаҳои зимистонгузаронӣ, танзими қабули донишҷӯён ба макотиби олии соҳа, бо кор таъмин кардани хатмкунандагон, санҷиши фаъолияти муассисаҳо, ташкили марказҳои матбуотӣ ва сомонаҳо дар муассисаҳо масъалаҳои дигаре буда, ки дар рафти ҷаласа муҳокима гардиданд.