11:09, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Озмуни «Ватанпарвар» ба кори худ оғоз кард

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сади ноҳияи

Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бахшида ба эълон гардидани соли 2017-ум ҳамчун «Соли ҷавонон» Озмуни «Ватанпарвар» ба кори худ оғоз кард. Чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ фарогири маҷмӯи ҳамоишҳои тарғиботӣ ва варзишии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт буда, ҳадаф аз он тарбияи мактаббачагон дар руҳияи ватандӯстю хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва омода кардани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қуввваҳои мусаллаҳ арзёбӣ гардид. Озмуни «Ватанпарвар» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии чор ноҳияи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар даври аввал тибқи қурапартоӣ се муассисаи таълимӣ аз рӯйи 7 наминатсия миёни ҳам рақобат карданд. Ҳайати ҳакамон аз рӯйи шартҳои озмун, аз ҷумла ҳолати корҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва иҷроиши талаботи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ», савияи дониши назариявию амалии хонандагон ва қироати шеърҳои тараннумкунанаи «Модар-Ватан» ғолибонро муайян мекунанд.

Ба шерърхонӣ ва иҷрои шартҳои озмун дар баробари ҳакамон ҳамчунин намояндагони Раёсатҳои маориф ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе баҳогузорӣ хоҳанд кард. Аз ифтитоҳи ин чорабинӣ маълум шуд, ки хонандагон ба он омодагии ҳамаҷониба дида, аз қироати шеръру суруд ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиб ба хубӣ мебароянд.