02:14, 28 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» дар арафаи нашр қарор дорад

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин соли 2016-ум Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» гурӯҳи кориро таъсис дода, ташкилоту муассисаҳоро новобаста аз шакли фаъолияташон мавриди санҷиш қарор додааст. Тибқи иттилои масъулин гурӯҳи корӣ танҳо дар соли гузашта аз 78 номгузории ташкилоту муассисаҳои мавриди омӯзиш нисбат ба 60 тои он санади огаҳии хаттӣ тартиб додааст. Иброз шуд, ки дар Кумита барои ба низом даровардани истилоҳот 40 фарҳангномаи соҳавӣ ва зиёда аз 23 ҳазор истилоҳоти соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар соли 2016-ум ҳамчунин мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 59 парванда ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, зиёда аз 37 ҳазор сомонӣ ба хазинаи давлат рӯёнида шудааст. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2016-ум «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» дар ду ҷилд таҳия гардида, дар арафаи нашр қарор дорад. Масъулин ҳадаф доранд, ки соли равон 3 номгӯйи фарҳангҳои истилоҳиро таҳия ва пешниҳоди сокинон намоянд.