08:19, 05 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Паёми Пешвои миллат-роҳнамои аҳли «Базморо»

Дар Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» оид ба баррасии

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, директори генералии «Базморо» Олимҷон Солиев иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муайян кардани самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли равон пешниҳод гардид. «Ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон махсусан дар ҷодаи дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар моро ҳамарӯза рӯҳбаланд сохта, баҳри хидмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят месозанд»,- иброз дошт Олимҷон Солиев. Иштирокчиёни ҷаласа, аҳли кормандони Муассисаи «Базморо» қарор карданд, ки Паёми пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ ҳисобида, ҳангоми баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти ҳамарӯза нишондодҳои Паёмро мавриди истифода қарор диҳанд.