15:38, 24 Июли 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Даъват ба озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори

20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади рушди минбаъдаи драматургияи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Ҳадафи баргузории озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драмавӣ дар мавзӯи муосир мебошад, ки таҷҷасумгари дастовардҳои марҳилаи навини таърихи халқи тоҷик буда, дар он дастовардҳои замони Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, муқовимат бо коррупсия, гаравидани ҷавонон ба созмону гуруҳҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир инъикос гардида бошад. Қабули асарҳо аз 1 январи соли 2017 то 1 июни соли 2017 сурат мегирад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба рақамҳои телефонии 221 65 36, 221 39 80 занг занед.