23:23, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шоми Фарҳангии тоҷик дар Дубай

Санаи 22-юми декабри соли 2016 бо ташаббуси Консулгарии генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ Шомӣ фарҳангии тоҷик зери унвони “Tajik Mosaic” дар Аморати Дубай баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони доираҳои ҳукуматии кишвари иқомат аз ҷумла аз ҳукумати Дубай, Дафтари Вазорати корҳои хориҷии АМА дар Дубай, намояндагони корпуси дипломатии кишвари иқомат, доираҳои хусусӣ ва ҳамватони муқим иштирок доштанд. Бо истифода аз фурсат дар ин маросим намоиши аксҳо бо инъикоси манзараҳои биҳиштосо ва сайёҳии кишвар ба маъраз гузошта шуд, ки имконияти хуберо баҳри тарғиби фарҳанги тоҷик ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳуриямон фароҳам намуд. Дар чорабинии фарҳангӣ баҳри ҳозирин дастаи санъаткорон ва ҳунармандон аз Филиармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳунарнамоӣ намуда, санъати волои тоҷик ва фарҳанги миллиро муаррифӣ намуданд.