15:12, 12 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нашри китоби «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав»

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дастури иттилоотии «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав» дастраси устодон ва ҳаводорони ин санъати нодир гардид. Асар аз ҷониби муаллиф ва мураттиби китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ, сарвари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба нашр расидааст. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастур дар бораи санъати мусиқии классикии тоҷикон «Шашмақом», марҳилаҳои рушди он дар тӯли таърих ва дар 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эътирофи Шашмақом ҳамчун ёдгории мероси фарҳангии башарият аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ЮНЕСКО, ба феҳристи шоҳкориҳои бузурги мусиқии шифоҳӣ ва мероси ғайримоддӣ ворид карда шудани он, хидматҳои устодони санъати шашмақом барои рушди ин санъат ва ба насли оянда мерос гузоштани он нақл мекунад. «Дастур муаррифгари китобҳои шашҷилдаи тозанашри «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» буда, ба хонанда дар бораи китобҳои нав маълумот медиҳад»,-хабар доданд аз Вазорати фарҳанг.